Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон се нафарро аз зери тарма бароварданд

Февраль 20, 2024 14:19

ДУШАНБЕ, 20.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари боришоти  шадид панҷ ҳодисаи лағзиши тарма ва ду ҳодисаи резиши санг сабт шуда, дар ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ набуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Чунончӣ, 17 феврал дар километри 550-уми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, ки аз ҳудуди шаҳраки Химбихсени Ҷамоати деҳоти Пастхуфи ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  мегузарад, лағзиши тарма сабт шуд.

18 феврал дар километри 31-32 шоҳроҳи Хоруғ-Ишкошим, ки аз ҳудуди шаҳраки Барҷири Ҷамоати деҳоти ба номи А.Замирови ноҳияи Ишкошим мегузарад, ду ҳодисаи лағзиши тарма сабт шудааст.  Инчунин бар асари бориши тӯлонӣ дар километри 24-уми шоҳроҳи Хоруғ-Ишкошим, ки аз ҳудуди деҳаҳои Пиш ва Нишӯсп мегузарад, резиши санг сабт гардид.

Ҳамзамон 19 феврал дар километри 356-уми шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ резиши санг сабаби баста шудани роҳ гардид. Бо кумаки техникаи Вазорати нақлиёти мамлакат роҳ ба зудӣ тоза шуда, мошинҳо ба ҳаракат даромаданд.

19 феврал ҳамчунин дар  километри 674-уми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Қулма, ки аз ҳудуди деҳаи Вери ноҳияи Шуғнон мегузарад ва дар километрҳои 26-27-и роҳи автомобилгарди Душанбе-Хоруғ-Қулма лағзиши тарма сабт шуд. Дар айни замон роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб баста шуда, корҳои тозакунии роҳ аз барфтӯда идома доранд.

Ёдовар мешавем, ки шаби 17 ба 18 феврал дар километри 158-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чанок, ки аз тариқи ноҳияи Айнӣ мегузарад, мошини сабукрав, ки ба самти Хуҷанд ҳаракат менамуд, зери тарма монд. Гурӯҳи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ронанда ва мусофиронро аз мошини зери барфмонда берун оварданд. Наҷотёфтагон ба макони амн ва хонаи гарм интиқол дода шуда, ба кумаки тиббӣ ниёз надоштанд.

Кумита бори дигар ба сокинони мамлакат муроҷиат менамояд, ки дар чунин рӯзҳои пурбориш аз сафарҳои бе зарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва тармахез худдорӣ намоянд.

Тавре қаблан хабар додем, бино ба гузориши Агентии обуҳавошиносии мамлакат  ҳавои номусоиду сард дар қаламрави Тоҷикистон то 21 феврал идома меёбад.

АКС аз бойгонӣ

Февраль 20, 2024 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ-ОМИЛИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 дар вилояти Суғд кумакҳои Пешвои миллатро тақдим намуд
Дар Хуҷанд оид ба нақши Пешвои миллат дар ташаккули худшиносии миллии ҷавонон конференсия доир шуд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ифтихори 79-солагии Рӯзи Ғалаба дар назди «Оташи ҷовидон» гулчанбар гузошт
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври вилоятии озмун баргузор шуд
«ДӮСТИ ПАЙВАНДИ ҶОНРО ГУМ МАКУН». Як гурӯҳ ҷавонони фаъоли Тоҷикистон тавассути «Қатораи ҷавонӣ» аз Душанбе ба шаҳри Турсунзода рафтанд
Ба иштирокчии ҷанг ва собиқадори меҳнати 104-сола Зайнулло Алиев кумакпулии яквақта расонида шуд
Корҳо барои рафъи оқибатҳои сел аз ҷониби комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон анҷом дода шуданд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Шуурнокии ҳуқуқии миллат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари нуфузи он дар ҷаҳони муосир аст
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори ИДМ доир мешавад
ҲУШДОР! 10-12 май тағйирёбии вазъи ҳаво ва офатҳои табиии эҳтимолӣ дар назар аст
Ба иштирокчиён ва маъюбони ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд