НАЗАРИ КОРШИНОС. Барои беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бояд тадбирҳои саривақтӣ андешанд
ДУШАНБЕ, 17.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳаҷми сармояи мустақим то соли 2026 нисбат ба маҷмуи маҳсулоти дохилӣ то 10 фоиз расонида шуда, солҳои 2022 – 2026, яъне дар панҷ сол бояд ба иқтисоди миллӣ беш аз 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб гардад. Барои беҳтар гардонидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва бартараф намудани монеаҳои маъмуриву сунъӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бояд тадбирҳои саривақтӣ ва механизмҳои иҷро коркард шаванд. Чунин изҳор кард номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва иҷтимоиёт Фарҳод Қодирзода.
— Бояд дарк намуд, ки идоракунӣ бо баҳодиҳии он алоқаманд мебошад. Ба ибораи дигар, зарурати коркарди маҷмуи нишондиҳандаҳо ба амал меояд, ки бояд хусусияти миқдорӣ ва сифатии фаъолияти субъектҳои иқтисодии манотиқи гуногуни мамлакатро инъикос намояд.
Ҷолибияти сармоягузорӣ бояд аз нуктаи назари мафҳуми мустақиле, ки устувории вазъи молиявиро тавсиф менамояд, таҳлил шавад. Ҳангоми арзёбии он инчунин муҳим аст, ки сатҳи рақобатпазирӣ, тамаркузи субъектҳои иқтисодӣ дар шаҳру ноҳияҳо, сатҳи кӯшиши онҳо барои қонеъ намудани интизориҳои истеъмолкунандагон, навоварии ҳама равандҳо дар умум ба назар гирифта шавад. Дар мавриди арзёбии самараи кори субъектҳои иқтисодӣ доир ба фаъолияти сармоягузории онҳо бояд тағйироти муҳити берунӣ ва дохилӣ ба назар гирифта шавад. Барои муайян намудани роҳҳои баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузорӣ дар навбати аввал бояд ҳамаи омилҳои дохилиеро, ки ба он таъсир мерасонанд, ба назар гирифт ва вобаста ба он аз тарафи ниҳодҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ рейтинги онҳо муаяйн шавад. Дар ин раванд бояд ба омилҳои зерин таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шавад:
— Омилҳои молиявӣ: баланд бардоштани самаранокии истифодаи фондҳои асосӣ ва гардон, беҳтар намудани вазъи молиявии корхона (ликвиднокӣ, устувории молиявӣ ва қобилияти пардохт), такмил додани идоракунии даромад, фоида, қарзи кредиторӣ.
— Омилҳои иқтисодӣ: баланд бардоштани сифати фаъолияти маркетинги идоракунии нархгузорӣ; ба амал баровардани мониторинги нархи ашёи хом ва масолеҳ; баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот аз ҳисоби истифодаи технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, ташкили менеҷменти сифат ва ғайра.
— Омилҳои кадрӣ: баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои меҳнатии корхона, баланд бардоштани сифати кории ҳайати роҳбарикунанда.
— Омилҳои иттилоотӣ: таҳия ва татбиқи системаҳои прогрессивии иттилоотӣ, ки дастрасии иттилооти дохилиро таъмин менамоянд, ташкили шабакаҳо барои мубодилаи иттилооти берунӣ, омилҳои тиҷоратӣ, имиҷ, таҳияи стратегияи PR ва ғайра.
Тавсифу таснифи шароиту омилҳои гуфташуда имконият медиҳад, ки вобаста ба вазъияту инкишофи онҳо тадбирҳои мушаххаси дастгирии давлатӣ ва коркарди тадбирҳо ҷиҳати беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, сармоягузорон, шарикони рушд ва созмонҳои молиявии байналмилалӣ ҷиҳати ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо воридоти технологияҳои муосири каммасраф ва дар ин замина ноил гардидан ба ҳадафҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мусоидат менамояд.
Тадбирҳои мақомоти ҳокимияти давлатии сатҳҳои гуногун оид ба баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории субъектҳои иқтисодӣ дар стратегияи рушди минтақаҳо, маҷмааву корхонаҳо бояд инъикос гарданд ва фасли муҳими он бошанд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 гуфта шудааст, ки Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян намудааст. Ҳамчунин ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти мамлакат ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд.
Воқеан, дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат фазои мусоиди сармоягузорӣ барои ҳамаи субъектҳои иқтисодӣ ва сармоягузорон рӯи майдон омадааст, ки онро метавон дар афзудани силсилакорхонаҳо мушоҳида намуд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 27 маротиба афзоиш ёфт
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид






