НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар музди меҳнати ҳамаи кормандон 10 фоиз зиёд гардид
ДУШАНБЕ, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пайравӣ ба сиёсати иҷтимоии дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз 1 январи соли 2024 музди меҳнати ҳамаи кормандони донишгоҳро ба миқдори 10 фоиз зиёд намуд. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода баён намуд.
Мувофиқи раддабандии Агентии давлатии назорат дар соҳаи маорифи Тоҷикистон, соли 2023 Донишгоҳи давлатии Бохтар дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷойи 8-умро ишғол намуда, ба даҳгонаи мактабҳои олии беҳтарини ҷумҳурӣ шомил гардид.
Гуфта шуд, ки ҳоло дар 43 кафедраи донишгоҳ 631 омӯзгор, аз ҷумла 28 доктори илм, 170 номзади илм, 27 саромӯзгор ва 444 ассистент ба пешбурди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ҷалб гардидаанд. Ҳиссаи омӯзгорони унвондор 32,2% фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли 2023 шумораи омӯзгорони унвондор 2,2 фоиз зиёд гардид.
Шумораи донишҷӯён дар донишгоҳ 20 414 нафарро ташкил дода, 9475 нафарашон духтарон мебошанд.
Дар донишгоҳ 130 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 1 нафар дар шуъбаи рӯзона, 127 нафар дар таҳсилоти фосилавӣ ва 2 нафар дар зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос таҳсил менамоянд. Ин донишҷӯён аз Узбекистон, Афғонистон ва Федератсияи Русия мебошанд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав








МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд






