НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон озмоишгоҳи таълимии созтарошӣ ба истифода дода шуд

Февраль 12, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 12.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов озмоишгоҳи таълимии созтарошӣ ва таъмири асбоби мусиқӣ ба истифода дода шуд, ки дар он донишҷӯён машғули фаъолият мебошанд. Дар озмоишгоҳ асбоби мусиқии рубобу най созтарошӣ ва барои истифода дар дарсҳо ба Консерватория тақдим гардид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Миралӣ Достизода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки аз ҷониби устодону мутахассисони соҳибтаҷриба зимни санҷиш ба ин асбоб баҳои баланд дода шуд. Ҳамзамон изҳор гардид, ки ин асбоб нисбат ба дигар намунаҳо беҳтар ва бо сифати баландтар таҳия гардидааст.

Таъкид гардид, ки баҳри баланд бардоштани сифати таълим ва сатҳи таълими омӯзгорону донишҷӯён бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ дарсҳои маҳорат баргузор шуданд. Аз ҷумла, аз рӯйи ихтисоси сарояндагии академӣ бо иштироки ҳунармандони маъруфи Русия Виктория Носовская ва Вячеслав Олоховский дарси маҳорат гузаронида шуд.

Миралӣ Достизода изҳор намуд, ки раёсати Консерватория дар ҳамкорӣ бо Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоишҳои студияи операвии донишҷӯёнро ба саҳнаи театр гузошта, манзури тамошобинон мегардонанд. «Ин гуна намоишҳо имкон медиҳанд, то донишҷӯёни мо байни дигар устодони ботаҷрибаву соҳибкасб маҳорат нишон дода, баҳри рушди ҳунар ҳарчӣ бештару беҳтар кӯшиш намоянд. Инчунин ин гуна намоишҳо барои ба саҳнаҳои калон баромадан замина мегузоранд»,- афзуд ӯ.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 12, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад