НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Норак мушкилии норасоии кӯдакистонҳо ҳанӯз ҳам бартараф нагардидааст

Февраль 9, 2024 11:06

НОРАК, 09.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) ҷиҳати саноатикунонии шаҳри Норак соли 2023 аз тарафи соҳибкорони шаҳр корхонаи истеҳсоли хишти пухта, коргоҳи истеҳсоли орд ва марҳилаи дуюми фермаи парандапарварӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Соли 2023 дар корхонаҳои саноатии шаҳри Норак ба маблағи як миллиарду 884 миллиону 785 ҳазор  сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 254,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Чунин иттилоъ дода шуд ба хабарнигорон зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак.

Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар шаҳри Норак ба ифтихори ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ва ба истифода додани 180 иншоот, аз ҷумлаи  8 бинои маъмурӣ, 8  муассисаи таълимӣ, 6 муассисаи табобатӣ, 5 майдончаи варзишӣ, 20  корхонаю коргоҳи саноатӣ ва 131 иншооти хизматрасонию сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз зиёда аз 40 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар  иншооти боқимонда корҳои сохтмонию навсозӣ идома доранд.

Дар шаҳри Норак яке аз мушкилоти асосии соҳаи маориф  норасоии муассисаҳои томактабӣ мебошад, ки тибқи ҳисоботи оморӣ, дар айни замон 301 кӯдак дар навбати гирифтани роҳхат ба кӯдакистонҳо қарор доранд.

Ҳоло дар шаҳр    кӯдакистони №1 корношоям гардидааст, ки бояд аз нав барқарор шавад. Кӯдакистони №2-ро ба Литсеи давлатии “Нурбахш” табдил додаанд. Дар кӯдакистони №4, ки дар айни замон ба таъмири пурра ниёз дорад, мактаби мусиқӣ фаъолият менамояд. Кӯдакистони №7 барои 300 кӯдак  пешбинӣ шудааст, вале, мутаассифона, дар он Маркази таълими калонсолон, шуғли аҳолӣ ва филиали Маркази касбомӯзии шаҳри Душанбе ҷойгир шудаанд.

Зимни нишасти матбуотии шаҳри Норак масъулин ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар мавриди кай барқарор гардидани ин кӯдакистонҳо, ки метавонанд мушкилии 301 кӯдакро бартараф намоянд, посухи қонеъкунанда надоданд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2024 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид