НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар «Тоҷикфилм» шуъбаи филмноманависон ва мактаби синамогарони ҷавон таъсис ёфт

Февраль 6, 2024 16:07

ДУШАНБЕ, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» соли 2023 бо ҷалби мутахассисони  ҳирфаӣ шуъбаи филмноманависон таъсис дода шуд. Ҳадаф аз таъсиси он пешниҳоди филмномаҳои хубу баландмазмун барои тақвияти корҳои эҷодиву истеҳсолӣ мебошад. Дар ин хусус  6 феврал  зимни нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ба намояндагони воситаҳои ахбори  омма иттилоъ дод.

Ҳамзамон  гуфта шуд, ки соли 2023 дар муассиса мактаби синамогарони ҷавон «Навомӯз» ба номи Муҳаббат Сатторӣ расман ба фаъолият шуруъ намуд, ки ҳоло 17 шунавандаро ба таълим фаро гирифтааст.

«Мақсади таъсиси мактаби синамогарӣ тарбияи кадрҳои қобилиятноку лаёқатманд ва ҷалби ҷавонон ба соҳаи синамо мебошад»,-иттилоъ дод директори муассиса.

Дар нишаст ҳамзамон иброз гардид, ки дар ин давра ҷиҳати табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкории судманд доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки синамоӣ 6 қарордоди синамоӣ- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ  дар соҳаи синамо байни Муассисаи  давлатии «Тоҷикфилм»  бо Созмони умури синамоӣ ва маводи аудиовизуалии Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо телевизиони «ifilm»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ширкати «Амкарт»- и Федератсияи Русия, бо Ҷамъияти саҳомии «Роскино», бо Муассисаи давлатии буҷавии фарҳангии Ҷумҳурии Тотористон «Татаркино», бо киностудияи «Озарбойҷонфилм» ба номи Ҷафар Ҷабборли, бо Маркази синамои миллии Молдова қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

Гуфта шуд, ки соли 2024 таҳияи 11 филм, аз ҷумла 3 филми ҳунарии пурра, 2 филми ҳунарии кӯтоҳ, 4 филми мустанад, 2 филми тасвирӣ ва  баргузории Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон», Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзҳои кинои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон тибқи дархост ва  нахустнамоиши филмҳо ба нақша гирифта шудааст.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 6, 2024 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд