НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳиссаи соҳаи нақлиёт дар Маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон беш аз 10,9 миллиард сомониро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 08.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавассути ҳама гуна намуди нақлиёт соли 2023 дар мамлакат беш аз 120,5 миллион тонна бор интиқол дода шудааст. Дар ин хусус Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим имрӯз дар Душанбе дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Аз ҷумла, тавассути нақлиёти автомобилӣ беш аз 114 миллион тонна ва роҳи оҳан зиёда аз 6,4 миллион тонна бо гардиши умумии беш аз 12,2 миллиард тонна/ км ва қариб 900 миллион мусофир, аз ҷумла бо нақлиёти автомобилӣ 844 миллион мусофир, барқӣ- беш аз 21 миллион мусофир ва роҳи оҳан зиёда аз 456 ҳазор мусофир бо гардиши 23,3 миллиард мусофир/км интиқол дода шуд. Ин омор нисбат ба соли 2022 дар маҷмуъ боркашонӣ 16,6 фоиз, гардиши бор 17,5 фоиз, мусофирбарӣ 9,8 фоиз ва гардиши мусофирон 17,3 фоиз зиёд мебошад.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки ҳиссаи соҳаи нақлиёт дар Маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат /ММД/ беш аз 10,9 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Саҳми соҳаи нақлиёт дар Маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ ба 8,4 фоиз расонида шуд, ки нисбат ба соли 2022 0,2 банди фоизӣ зиёд гардидааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






