НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон 21 млрд 656 миллион кВт-соатро ташкил дод

Февраль 13, 2024 16:51

ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар маҷмуъ 21 млрд 656 миллион кВт-соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 453 миллион кВт-соат зиёд гардида, суръати афзоиш дар ҳаҷми 102,1 фоиз таъмин шудааст. Истеҳсоли неруи барқ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба 16 млрд 479 миллион кВт-соат баробар шудааст. Ҳамчунин дар ҳамин давра талафоти неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» 74,7 млн кВт-соат ё ин ки 0,45%-и барқи истеҳсолшударо ташкил дод. Ин матлаб дар нишасти матбуотии якҷояи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ», ки имрӯз баргузор гардид, баён гардид.

Ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи «Барқи Тоҷик» бо мақсади беҳтар намудани таъминоти соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии мамлакат бо неруи барқ давоми соли 2023 дар ҳаҷми 5 млрд 133,9 млн кВт-соат неруи барқ харид намудааст, ки нисбат ба соли 2022 ҳаҷми хариди неруи барқ 264,3 млн кВт-соат зиёд мебошад. Хариди неруи барқ асосан аз неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» дар ҳаҷми 2 млрд 599,4 млн кВт-соат, аз НБО-и «Сангтӯда-2» дар ҳаҷми 906,1 млн кВт-соат ва аз НБО-и «Роғун» дар ҳаҷми 1 млрд 628,4 млн кВт-соат харид шудааст.

Маблағи неруи барқи харидашуда дар давраи ҳисоботӣ 1 млрд 887,8 млн сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2022 дар ҳаҷми 112,1 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Содироти неруи барқ ба хориҷи мамлакат нисбат ба соли 2022 124,2 млн кВт-соат зиёд гардида, дар маҷмуъ ба 2 млрд 677 млн кВт- соат баробар шуд.

Соли 2023 Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» дар дохили ҷумҳурӣ 18 млрд 663,7 млн кВт-соат неруи барқ ба фурӯш баровардааст. Аз ҷумла, ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» 774,6 млн кВт-соат ва ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» 17 млрд 889 млн кВт-соат интиқол дода шудааст.

Бо мақсади таъмин намудани ҳолати кории иқтидори мавҷудаи системаи энергетикии ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани эътимоднокии фаъолияти неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ҷамъият сохтмон ва корҳои таъмирию барқарорсозӣ дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 57,1 млн сомонӣ иҷро гардиданд.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 13, 2024 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Олимони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар мавсими имсола IRS 100 километр роҳро таъмири ҷорӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён дорад
Бонки Осиёии рушд барои дастгирии занони деҳот дар вилояти Хатлон лоиҳаҳо амалӣ менамояд
«Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид
Дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ оғоз гардид
Тоҷикистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми савдоро то ба 500 миллион доллар расонанд
Пагоҳ дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ оғоз меёбад
Дар 5 моҳи соли 2025 гардиши савдои мутақобила байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 6,1 миллион долларро ташкил дод
Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ месозад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Дар муқоиса ба соли 1991 истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон 4,7 баробар зиёд гардидааст