НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 ба судҳои иқтисодии Тоҷикистон 854 муроҷиати шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ ворид шуд

Февраль 8, 2024 15:59

ДУШАНБЕ, 08.02.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Давоми соли 2023 аз ҷониби марҳилаҳои якуми судҳои иқтисодӣ, коллегияҳои кассатсиониву назоратӣ ва Раёсати Суди Олии иқтисодӣ дар маҷмуъ 3 ҳазору 137  парванда мавриди баррасӣ қарор гирифта, доир ба 1 ҳазору 587 парванда ҳалномаи судӣ қабул гардид. Ҳамчунин 144 парванда қатъ шуда, 221 ариза бе баррасӣ мононда шуда, қабули 16 ариза рад шудааст. 4 парванда ва 3 ариза аз рӯи тобеияти судӣ барои баррасӣ ирсол гардидааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2023 Раиси Суди Олии иқтисодӣ Рустам Мирзозода ба хабарнигорон иттилоъ дода, афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 215 аризаи даъвогӣ ва шикоятҳо беҳаракат мононда шуда, 316 аризаву шикоят бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набуданашон баргардонида шудаанд.

Дар нишасти матбуотии Суди Олии иқтисодӣ, ки бо ҳузури роҳбарият, судяҳо ва сардорони воҳидҳои сохтории Суди Олии иқтисодӣ, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе баргузор гардид, иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 дар марҳилаҳои кассатсионӣ 336  парванда, назоратӣ 280  парванда ва дар Раёсати Суди Олии иқтисодӣ 12 парванда баррасӣ шуд.

Зимни муроҷиат бо аризаҳои даъвоӣ ва шикоятҳо ба судҳои иқтисодӣ дар ҳаҷми 4 миллиону 407 856,33 сомонӣ  боҷи давлатӣ пардохт шудааст, ки нисбат ба соли 2022 19 ҳазору 848,68 сомонӣ зиёд мебошад.

Доир ба рӯёнидани маблағҳои зарар ва қарзҳои бонкӣ дар ҳамин давра ба маблағи 976 437 833,07 сомонӣ талабот арз гардида, аз он 256 748 971,55 сомонӣ талаби даъво қонеъ ва ба маблағи  5 462 103,05 сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шудааст.

Дар ҳамкорӣ бо Хадамоти иҷро ва дигар мақомот иҷрои санадҳои судӣ оид ба рӯёнидани боҷи давлатӣ ва маблағҳои зарару қарзҳои кредитӣ бо назардошти санадҳои судии солҳои қаблӣ ва боҷи давлатии пешпардохтшуда ба маблағи умумии 290 825 718,86 сомонӣ таъмин гардидааст, ки нисбат ба соли 2022 дар ҳаҷми  70 555 959,40 сомонӣ зиёд мебошад.

Соли 2023 ба судҳои иқтисодӣ 854  муроҷиати шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ ворид шудааст, ки инҳо 329 муроҷиати хаттӣ, 4 муроҷиати электронӣ, 1 муроҷиати телефонӣ ва 219  муроҷиати шифоҳӣ мебошанд.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2020-2025 бобати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба аҳолӣ фаҳмонидани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ва пешгирии қонунвайронкуниҳо 4 мурофиаи таълимии судӣ оид ба баррасии парвандаҳо тавассути шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шудаанд.

Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ 399 парванда дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, бо мақсади ҷалби диққати мақомоти давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат намудаанд, 391 таъйиноти хусусӣ бароварда шуда, 26 ҷамъбасти амалияи судӣ гузаронида шуд.

Сабабу омилҳои ҳуқуқвайронкуниҳо мавриди таҳлил қарор гирифта, ба мақомоти дахлдор ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳолатҳои риоя нагардидани қонун 88  пешниҳод ирсол гардид.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2024 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст