НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 дар Тоҷикистон ба соҳибкории истеҳсолӣ 7,2 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст

Февраль 15, 2024 10:04

ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон аз пешниҳод гардидани 19 миллиард сомонӣ қарз аз ҷониби бонкҳо ва ташкилоти қарзии молиявии мамлакат ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли 2023 хабар дод, ки нисбат ба соли 2022 4,6 миллиард сомонӣ ё 32 фоиз зиёд мебошад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода 14 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои соли 2023 додашуда 43,1 фоиз ба соҳаи истеъмолӣ, 14,4 фоиз ба соҳаи кишоварзӣ, 11,7 фоиз ба савдои хориҷӣ, 14,1 фоиз ба соҳаи саноат, 7,1 фоиз ба хизматрасонӣ, 3,8 фоиз ба соҳаи сохтмон ва 5,8 фоиз ба дигар соҳаҳо рост меояд.

Гуфта шуд, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои соли 2023 додашуда 37,8 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ рост омада, маблағи 7,2 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 1,9 миллиард сомонӣ ё
36,6 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон соли 2023 ба маблағи 13,6 миллиард сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба соли 2022 29,1 фоиз зиёд мебошад.

Бо дахли фоизи қарзҳои додашуда Фирдавс Толибзода афзуд, ки фоизи миёнавазни қарзҳо соли 2023 бо пули миллӣ 23,2 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,8 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 бо пули миллӣ 0,14 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 0,16 банди фоизӣ паст мебошад.

Бояд гуфт, ки маблағгузории қарзӣ яке аз воситаҳои асосии таъмини рушди устувори иқтисодиёт, рушди истеҳсолоти ватанӣ, устувор намудани иқтидори содиротӣ ва ташкили ҷойи нави кор ба шумор меравад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2024 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад