НИШАСТИ МАТБУОТӢ. То соли 2026 дар ноҳияи Сино 24 корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 15.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар ноҳияи Сино 24 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 1299 ҷойи нави корӣ ба истифода дода мешавад. Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи мақомот, давоми солҳои 2022-2023 дар натиҷаи ҳамкории мақомот бо соҳибкорон 14 корхона бо 606 ҷойи нави кор таъсис меёбад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Сино Тоҷиддин Саидзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Мақсади асосии ин ҳадаф — муҳайё намудани шароит барои корхонаҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва минтақа, ҳарчи бештар бунёд намудани корхонаҳои нави саноатӣ, афзун намудани иқтидори содиротии маҳсулоти саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад», -гуфт раиси ноҳия.
Гуфта шуд, ки дар умум дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 311 коргоҳу корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 78 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад. Дар моҳҳои январ – декабри соли 2023 аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳия дар маҷмуъ ба маблағи 1 милиарду 744,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2022 ба маблағи 345,3 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 124,8 фоизро ташкил медиҳад.
Саноат яке аз соҳаҳои асосии истеҳсолот буда, ба рушди устувори иқтисодиёти мамлакат таъсири беназир мерасонад ва дар ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат, яъне саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ нақши муҳим мебозад. Саноатикунонии босуръати иқтисодиёти миллӣ тақозо менамояд, ки дар истеҳсолот дастовардҳои илму техникаи муосири рақобатпазир ҳарчи бештар татбиқ шаванд.
Ҳиссаи истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия дар маҷмуи истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳри Душанбе 42,0 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда соли 2021 34,4 %, соли 2022 40,3 фоизро ташкил медод ва ҳамасола ба андозаи 5,9 ва 1,7 банди фоизӣ афзоиш меёбад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид






