Фарҳод Раҳимӣ: «Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон дар кабудизоркунии мамлакат саҳми арзанда мегузоранд»

Февраль 10, 2024 13:20

ДУШАНБЕ, 10.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» аз 28 декабри соли 2023 таъкид гардид, ки «бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии кишвар, таъмин намудани зиндагии осудаву босаодати наслҳои ояндаи халқамон моро водор месозад, ки ба масъалаи кабудизоркунии  кишвар ҷиддӣ муносибат намоем, яъне мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем». Ҳамзамон вобаста ба масъалаи парвариши дарахтон, бунёди боғ ва сарсабзу хуррам гардонидани ҳар як гӯшаву канори мамлакат таваҷҷуҳ намуда, ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати ташкили маъракаи ниҳолшинонӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани атрофи корхонаю идора ва муассисаҳои таълимӣ дастур дода буданд, — ёдоварӣ шуд Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ.

— Роҳбарияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани биноҳо ва иншооти таълимӣ, хобгоҳу дигар воҳидҳои сохторӣ, шинонидани дарахтони сояафкан, мевадиҳанда ва гулҳои мавсимӣ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии мамлакат шанбегӣ баргузор намуда,  дохил, саҳн, атрофи биноҳои маъмурию таълимӣ, гулгаштҳо, ҷуйборҳо, роҳравҳои ҳамшафати муассисаҳои таълимӣ, атрофи биноҳои истиқоматии назди таълимгоҳҳоро тозаю озода намуд ва ин иқдом ба таври ҳамешагӣ идода дода мешавад.

Гузашта аз ин, роҳбарияти Кумита дар  партави иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт тамоми муассисҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии дар шаҳри Душанбе мавҷудбударо вазифадор намуд, ки дар пайравӣ ба ин иқдом пайваста ба шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз ва гулу бутаҳои ороишӣ машғул бошанд ва дар ободонии пойтахти мамлакат саҳм гузоранд.

Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур дар асоси ба «Шаҳри гулрез» табдил додани пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе аз тарафи  муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе бештару хубтар амалӣ шуда, ҳар ҳафта пайваста шанбегӣ баргузор мегардад.

Махсусан,  ин иқдом дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе, Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе, Литсейи касбии техникии саноати нассоҷии шаҳри Душанбе ва ғайра ба таври муназзам  амалӣ карда шудааст.

Ҳамзамон хонандагону донишҷуён ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ дар аксияҳои «Тозагии маҳал» фаъолона иштирок намуданд.

Ҳамчунин дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ корҳои созандагиву ободонӣ тавассути ҳашарҳои дастҷамъона пайваста гузаронида мешаванд ва кормандону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯён дар якҷоягӣ саҳми арзишмандро дар ҳифзи табиат, тозагиву назофати муҳити атроф ва рушду ободии мамлакат мегузоранд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 10, 2024 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ 700 бех ниҳоли гуногун шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Кормандони Хадамоти гумрук дар ноҳияи Варзоб беш аз 17 ҳазор бех ниҳол шинониданд
Дар заминҳои бекорхобидаи теппаҳои деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб боғи намунавӣ бунёд карда шуд
«ШАҲРИ САБЗ». Дар ҳудуди Боғи «Ғалаба» ва ҷангалҳои пойтахт 3,6 ҳазор бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
Дар назди бинои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дарахтони навъи магнолия шинонида шуданд
«ЯК ҶАВОН – ЯК ДАРАХТ». Дар Душанбе иқдоми ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ баргузор гардид
Соли 2026 дар шаҳри Панҷакент дар ҳазор гектар боғ бунёд карда мешавад
Соли 2026 дар шаҳри Ваҳдат беш аз 22 ҳазор бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида мешавад
Дар канори шоҳроҳи Чанок-Душанбе беш аз 5 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе зиёда аз 1000 бех арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Боғи фарҳангию фароғатии «Умари Хайём»-и шаҳри Душанбе 300 бех ниҳол шинонида шуд