ҶОМИ ОСИЁ-2023. ТОҶИКИСТОН, ҲАМЕША БА ПЕШ!

Февраль 2, 2024 14:03

ДУШАНБЕ, 02.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамагӣ баъд аз чанд соат нахустин бозии даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё — 2023 байни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва дастаи мунтахаби футболи Урдун дар варзишгоҳи ба номи Аҳмад бин Алии шаҳри Давҳаи Давлати Қатар баргузор мегардад. Ин бозиро на танҳо сокинони Тоҷикистон, ҳамчунин ҳаводорону мухлисон аз Узбекистон, Қазоқистон, Афғонистону Эрон, Русияву Аврупо ва ҳамчунин тоҷикони муқими Амрико бесаброна интизор мебошанд. Услубу суръат, чолокӣ ва маҳорати тӯбронии бозигарони дастаи мунтахаби футболи мамлакат аллакай дар байни шореҳони футбол, расонаҳои варзишии минтақа ва сохторҳои футболи байналмилалӣ бо маънои неки сухан ҳангома барпо намуд, таваҷҷуҳ ва ҳаводории дӯстдорони футболро ба дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба таври бесобиқа зиёд намуд.

 Муваффақияти дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар ҷойи хушку холӣ ба даст наомадааст. Бозингароне, ки ҳоло дар дастаи мунтахаби мамлакат бозӣ менамоянд, иштирокдорони Чемпионати Осиё байни наврасон дар соли 2018 буда, бо ғолиб омадан дар он мусобиқот ба Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар байни наврасони то синни 17 роҳ ёфта буданд. Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол наврасони мо дар як гурӯҳ бо ҳамсолонашон аз кишварҳои Испания, Аргентина ва Камерун бозӣ намуда, бо як ғалаба ба гирифтани ҷойи сеюм дар гурӯҳи Е мушарраф гардида буданд. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар он мусобиқот, ки соли 2019 дар Бразилия баргузор гардида буд, ягона намоянда аз тамоми давлатҳои ИДМ ва соҳили Балтика буд.

Ин бозингарон, ҳамон тавре ки дар варзиш мегӯянд, аз бохтҳо сабақ гирифта, ташаккулу обутоб ёфтанд ва инак бо гирифтани таҷрибаи кофӣ заҳмат ва лаззати гуворои ба даст овардани ғалабаро аз худ сохта, ба камолот расиданд.

То ин замон дастаи мунтахаби футболи мамлакат аз мураббиёни шинохтаи ватанӣ, собиқ бозингарони маъруфу машҳури тоҷик Шариф Назаров, Владимир Ғуломҳайдаров, Абдулло Муродов, Зоир Бобоев, Салоҳиддин Ғаффоров, Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, Пулод Қодиров, Олимҷон Рафиков, Мубин Эргашев, Муҳсин Муҳаммадиев, Ҳаким Фузайлов, мураббиёни хориҷӣ Кемал Алиспахич, Никола Кавазович, Усмон Тошев сабақ гирифтаанд. Албатта, на ҳамаи ин мураббиён ба муваффақият мушарраф гардиданд, лекин бешак, дар рушди футболи тоҷик саҳм гузоштаанд, дар бунёди бинои мактаби миллии футболи тоҷик хиште аз худ боқӣ мондаанд.


Марҳалаи нави рушди футболи тоҷик аз 5 январи соли 2012- аз рӯзе, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид, оғоз меёбад. Маҳз бо дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Президенти CAFA (Конфедератсияи футболи Осиёи Марказӣ) муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди футбол байни кӯдакону наврасон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Дар назди дастаҳои Лигаи олӣ академияҳои футбол кушода шуданд. Дар варзишгоҳҳои Душанбе, Ҳисору Ваҳдат ва шаҳри Турсунзода пайдарпай мусобиқоти байналмилалии футбол бо иштироки футболбозони наврас ва духтарони футболбоз аз Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрону Афғонистон баргузор шуданд. Бешак, ин ҳама тадбирҳо самараи нек ба бор оварданд ва имрӯз тамоми сокинони мамлакат бо шавқу завқ ва саршор аз ифтихор бозии дастаи мунтахаби футболи Ватанро тамошо менамоянд.

Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Петр Сегрт агарчӣ дар рафти бозии дастаи мунтахаб бо шӯру шавқ ва эҳсосоти баланд ҳарф мезанад, баъд аз бозӣ ба мураббии дастаи ҳариф, новобаста аз натиҷаи бозӣ оғўш мекушояд, бо самимият даст мефишорад ва ҳамеша бо даҳони пур аз табассум бо шогирдону ҳаводорон ва хабарнигорон муошират менамояд. Дар нишасти матбуотии қабл аз бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби футболи Русия Петр Сегрт баробари ворид шудан ба толор бо ҳар хабарнигор, наворбардор, ходимони техникӣ ва тарҷумонҳо бо даст салом намуд. Дар шарҳи ин амалаш мухтасар чунин гуфт: «Эҳтирому ҳурмат дар ҷойи аввал».


Аз ин мебарояд, ки сармураббӣ Петр Сегрт дар баробари мутахассиси хуб будан инсони нексиришт аст, дили беканор ва чеҳраи чун баҳр кушод дошта, ба одамон ва атроф нигоҳи нек дорад. Шояд ин нексириштӣ аз замони кӯдакӣ дар қалбаш ҷой гирифтааст (Петр Сегрт зодаи Хорватия буда, солҳои 70-уми асри гузашта ҳамроҳи волидайн ба Олмон кӯчида, дар он кишвар ба воя расидааст). Вақте  нахустин маротиба дар Тоҷикистон бо журналистон мулоқот барпо намуд, ҳамқаламон шӯхиомез ӯро «Эйнштейн» тахаллус доданд. Зоҳиран Петр Сегрт ба яке аз асосгузорони физикаи назариявӣ, олими машҳури ҷаҳонӣ Алберт Эйнштейн монандӣ дорад. Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо шунидани ин тахаллус табассум намуда, гуфт: «Агар ба шумо ин ном маъқул бошад, пас метавонед бемалол маро Эйнштейн ном баред».

Қобили тазаккур аст, ки то омадан ба Тоҷикистон мураббии футбол Петр Сегрт дар доираҳои коршиносони соҳаи футбол бо тахаллуси «Архитектор» маъруф буд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хотимаи суханронӣ ба шарофати ба кор даровардани чархаи нахустин ба тамоми сохтмончиёни иншооти миллии Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва сокинони мамлакат муроҷиат намуда, гуфта буданд: «Тоҷикистон ба пеш, ба пеш, ба пеш!».


Албатта, ин шиор аз садоқат ба қавли ҷазм, ки «Роғун»-ро бо дастони худ месозем ва аз ифтихори расидан ба ҳадафи олии миллӣ сар зада буд, байни сокинони мамлакат базудӣ ҳамовозӣ пайдо намуд. Петр Сегрт ҳамчун шахси хориҷӣ дарк намуд, ки ин суханони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо як шиори муқаррарӣ нест. Ин суханон дар ниҳоди худ неруи бузург доранд, ба инсон руҳу илҳом, тавону ҷасорат мебахшанд. Ҳамин буд, ки Петр Сегрт ғалабаи нахустини дастаашро бо нидои «Тоҷикистон ба пеш!» таҷлил намуд ва минбаъд ин ибораро ҳамчун ливои ғалабаи дастаи мунтахаби футболи тоҷик ба намоиши оммавӣ гузошт.

Имрӯз ибораи «Ба пеш» на танҳо дар доираҳои футболи меҳан, ҳамчунин дар байни шореҳони футболи узбеку қазоқ, русҳо ва ҳамзабонон аз кишварҳои Эрону Афғонистон, инчунин арабҳо маъруфияти хос пайдо намудааст. Дар абзори ҷустуҷуии шабакаи ҷаҳонии интернет давоми даҳ рӯзи охир ибораи «Ба пеш» ба яке аз пурҷустуҷӯтаринҳо мубаддал гаштааст. Дӯстдорони футбол ба воситаи интернет мехоҳанд донанд, ки ибораи «Ба пеш» чӣ маъно дорад?! Вақте тарҷумони интернетӣ маънои ибораи «Ба пеш»-ро пешниҳод менамояд, шореҳону дӯстдорони футбол аз шунидану фаҳмидани маънои он дубора ба ваҷд меоянд ва ин ибораро бо хушнудӣ мепазиранд. Ба ҳамин тартиб, Петр Сегрт тавонист, ки на танҳо як бозии муосири футболро ба намоиш гузорад, ҳамчунин ба ӯ муяасар гаштааст, ки бо истифода аз фасоҳати забони ноби тоҷикӣ намоиши ҷолибро дар иҷрои бозигарони дастаи мунтахаби футболи мамлакат пешкаши мухлисон намояд.

Як нуктаи хеле муҳим ин аст, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби футболи мамлакат бозигарони ба қавле харидашуда бозӣ намекунанд. Баъзе кишварҳо ба хотири пурқувват намудани дастаи мунтахаби футболашон аз мамлакатҳои африкоӣ ва амрикоӣ бозигаронро даъват менамоянд ва ба онҳо шаҳрвандӣ медиҳанд.

Хушбахтона, Тоҷикистон бо ин роҳ нарафт, балки такя ба мактабҳои бачагонаи футболи ватанӣ намуд. Имрӯз дар ҳайати дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон онҳое бозӣ менамоянд, ки пайвандҳои тоҷикӣ доранд.


Бозингари асосии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, муҳофизатгари марказии дастаи «Персеполис»-и шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон Ваҳдат Ҳаннонов дар дақиқаи 30-юми бозии гузашта аз байни се муҳофизи дастаи ҳариф бо чолокӣ мисли сарв як сару гардан боло шуда, чун шери жаён бо зарбаи сахт чунон тӯбро вориди дарвоза сохт, ки дарвозабони дастаи мунтахаби Имороти Мутаҳидаи Арабӣ бо вуҷуди бо даст гирифтани тӯб аз шиддати дард онро раҳо сохт ва тӯб вориди дарвоза шуд.

Ин голро тамоми Тоҷикистону тоҷикистониҳои берун аз Ватан бо шавқу шӯр пазируфтанду ба маҳорати олии Ваҳдат дурудароз қарсак зада, аҳсант гуфтанд. Баъд аз бозӣ Ваҳдат Ҳаннонов изҳор дошт, ки голи задаашро ба бародараш, ки дар қайди ҳаёт нест, мебахшад. Ин рафтори Ваҳдат нишонаи олӣ аз муҳаббати софи тоҷикӣ аст, ки ҳеҷ гоҳ ёди гузаштагон — падару модар, бародару пайвандонро аз лавҳи хотир дур наменамояд.

Тавре ки аз расонаҳои хабарӣ бармеояд, то ин замон 106 ҳазору 888 мухлис бозии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистонро дар варзишгоҳҳои Давлати Қатар тамошо намудаанд. Ташкилкунандагони бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 аллакай аз бозии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо фурӯши билетҳо бо арзиши миёнаи 13 доллар барои як билет дар ҳаҷми беш аз 1 миллиону 400 ҳазор доллари ИМА фоидаи соф ба даст оварданд.


Ин мусобиқот мебоист соли 2023 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегашт, вале Чин моҳи майи соли 2022 бо сабаби пешгирӣ аз паҳншавии вируси COVID-19 аз гузаронидани бозиҳои мусобиқоти Ҷоми Осиё даст кашид. Қарор қабул шуд, ки бозиҳои Ҷоми Осиё ба вақти дигар — соли 2024 ва макони дигар — Давлати Қатар гузаронида шаванд.

Он замон касе намедонист, ки дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт яке аз муддаиёни асосии ғолибият дар Ҷоми Осиё мегардад.

Ҳамагӣ баъд аз чанд соат дар таблои бузурги варзишгоҳи ба номи Аҳмад бин Алии шаҳри Давҳаи Давлати Қатар ибораи «ХУШ ОМАДЕД!» равшан гардида, дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистонро пешвоз мегирад.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Февраль 2, 2024 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2024-ро дар зинаи 104-уми раддабандии ФИФА ҷамъбаст намуд
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
ФУТБОЛ. Дмитрий Черишев сармураббии дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб таъйин шуд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Дар мусобиқаи Russian judo tour аз Тоҷикистон шаш паҳлавон иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби духтаронаи то 17-солаи Тоҷикистон бар ҳамсолонаш аз Арабистони Саудӣ ғолиб омад
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаҳои мунтахаби духтаронаи то 17-солаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо ҳам бозӣ мекунанд
Табрикоти Федератсияи байналмилалии футбол ба Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ
Ҷаласаи якуми ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон доир гардид
Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа Рустами Эмомалиро ба муносибати президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардидан табрик намуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби духтарони Тоҷикистон (U-17) тими Арабистони Саудиро мағлуб намуд