Ояндаи наздик Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масоили сарҳадӣ ба натиҷаҳои мутақобилан судманд ноил мешаванд
ДУШАНБЕ, 05.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Ояндаи наздик Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масоили сарҳадӣ ба натиҷаҳои қобили қабул ва судманд ноил мешаванд»,-гуфт имрӯз дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.
Жээнбек Кулубаев иброз дошт, ки дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабиниҳое, ки соли 2024 ба нақша гирифта шудаанд, баррасӣ гардиданд. Ҳоло дар ҷои аввал масъалаи ҳарчи зудтар анҷом додани музокироти ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ меистад, ки бо маром идома дорад».
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон таъкид намуд, ки зимни мулоқот ҳамчунин тазаккур дода шуд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон давлатҳои дӯст ва бародар мебошанд.
«Аҳолии ҷумҳуриҳои мо ҳамеша муносибати дӯстона дошта, бо ҳамдигар муколама ва додугирифти тиҷоратӣ менамуданд. Ин анъанаҳоро боз ҳам инкишоф додан зарур аст. Имрӯз ман дар бораи ниятҳо ва дурнамои мо дар таҳкими ҳамкорӣ суҳбат намудам. Пеш аз ҳама, ирода ва кӯшишҳои президентони ҳам Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳам Қирғизистон Садир Жапаров омили асосии таҳкиму густариши муносибатҳои дуҷониба мебошанд», — гуфт номбурда.
Жээнбек Кулубаев тавзеҳ дод, ки президентҳои ду мамлакат мутмаин мебошанд, ки мушкилоти мавҷуда ҳал ва дар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистон саҳифаи нав боз мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид






