Парвиз Акрамзода: «Қувваҳои Мусаллаҳ дастоварди муҳими давлатсозӣ ва таҳкими истиқлол аст»
ДУШАНБЕ, 23.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 31-солагии Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори «Кохи дустӣ»-и шаҳри Турсунзода бо иштироки роҳбарияти шаҳр, фаъолону собиқадорон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарбозону афсарон ва роҳбарони бахшу сохторҳо чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода.
Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода иброз намуд, ки ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ дар қатори дигар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди муҳими давлатсозӣ ва таҳкими истиқлол аст. Дар қатори дигар омилҳо маҳз тавассути ташкили ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва ниҳодҳои қудратӣ ҳифзи тамомияти ҳудудии давлат ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ имконпазир гардид.
Гуфта шуд, ки сивуяксолагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории тоҷикон рӯйдоди муҳими таърихӣ маҳсуб мешавад. Натиҷагирӣ ва бардошти сабақҳо аз ин роҳи тайшудаи Артиши миллӣ, омӯзиши бурду бохт ва дастовардҳои раванди бунёди артиш марҳилаи муҳими таърихӣ буда, дар таҳкими минбаъдаи Истиқлоли давлат ва Ваҳдати миллат аҳамияти ҳалкунанда дорад.


Дар қисмати тантанавии чорабинӣ ба як зумра роҳбарони сохторҳои мақомоти қудратӣ, хизматчиёни ҳарбӣ ва собиқадорони соҳа Нишони сарисинагӣ, Сипоснома ва мукофоти пулӣ тақдим гардид.
Ҳамзамон дар ин рӯз роҳбарият ва кормандони дастгоҳи ҷамоати Навободи шаҳр бо шароити хизматӣ ва зисти сарбозони қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, барои сарбозон дастархони идона оростанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд






