«ПАЁМ ЧУН РОҲНАМОИ ЗИНДАГӢ». Дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе таҳти ин унвон конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид

Февраль 16, 2024 10:12

ДУШАНБЕ, 16.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Паём чун роҳнамои зиндагӣ» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳо ва ҳайати кормандони коллеҷ иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин коллеҷ хабар доданд.

Дар ҳамоиш изҳор гардид, ки соли 2023 барои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои назарраси мардум соли бобарор гардид.

Гуфта шуд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар мамлакат ва ба даст омадани ваҳдати комили мардум шароит ба вуҷуд овард, ки соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ инкишоф ёфта, дар ҳаёти ҷомеаи мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Ин ҳама натиҷаи сиёсати ояндабинонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз намуд, ки дар Паёми  Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат  барои давраҳои оянда муайян гардида, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, масъулини Раёсати тандурустии шаҳр, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат маъруза намуданд.

АКС: Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе

Февраль 16, 2024 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Рақамикунонии соҳаи нақлиёт яке аз ҷузъҳои меҳварии иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон аст
Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ташхис ва табобати бемориҳо ба тибби тоҷик зиёда 2 ҳазор амалиёти нав ворид гардид
Дар Тоҷикистон қариб 1000 километр роҳу пул ва долонҳои зиддитармавӣ бунёд ва таҷдид карда мешаванд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба таҳкими фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ мусоидат менамояд
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Ҳадафи олии сиёсати давлати Тоҷикистон таҳияи зиндагии шоиста барои аҳолӣ мебошад
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба намояндагони субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ тавзеҳ дода шуд
Роҳиоҳанчиёни мамлакат нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистонро иҷро менамоянд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст
Дар шаҳри Норак вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
ИНКИШОФИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ. Онҳо заминаи устувори моддӣ, техникӣ ва технологӣ барои таълим ва тарбияи кӯдакону наврасон мебошанд
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ». Таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ доир ба шарҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор шуд