Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти прокуратура таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
ДУШАНБЕ, 14.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти прокуратура таъйиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои муовини якуми прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини якум ва муовини прокурори вилояти Хатлон, муовини прокурори вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, прокурори ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурори ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истиқлол ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, прокурори шаҳри Роғун, прокурори ноҳияи Нуробод, ҳамчунин сардорони якчанд раёсати дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ кадрҳои ботаҷриба ва ҷавону дорои маҳорати хуби касбӣ таъйин гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба кадрҳои таъйиншуда ва ҳамаи кормандони дигари соҳаи прокуратура доир ба назорати татбиқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ аз он, бахусус ҷиноятҳои вобаста ба терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қаллобӣ ва заминфурӯшӣ дастуру супоришҳо дода, ҳамзамон ба забондонии кормандон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Президенти мамлакат барои тамоми кормандони мақомоти прокуратура дар баробари забони модарӣ барои аз худ кардани ду забони хориҷӣ як сол муҳлат доданд.
“Агар хоҳед дар коратон комёб бошед ва соҳиби обурӯ шавед, бо мардум наздик фаъолият намоед, зеро иззату эҳтиром бо амру фармон дода намешавад”, — таъкид доштанд дар фарҷоми суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.









Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд






