Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид

Февраль 15, 2024 11:30

ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа».

Шоми рӯзи чоршанбе беш аз 90 дарсади бюллетенҳои интихоботӣ шуморида шуданд. Ҳисобҳои гуногуни оҷилӣ ва ғайрирасмӣ нишон медиҳанд, ки Прабово Субианто тақрибан 58% раъйи мардумро ба даст овардааст, дар ҳоле ки рақибони ӯ Анис Басведан ва Ганҷар Праново мутаносибан 25 ва 16 фоизи овозҳоро соҳиб шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Прабово Субианто қабл аз интихоб шудан ба ин мансаб ба ҳайси вазири мудофиаи Индонезия фаъолият менамуд.

Президенти тозаинтихоб савганд ёд намуда, 20 октябри соли 2024 ба фаъолият шуруъ менамояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 15, 2024 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш