Раисони кумитаҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Русия иштирок намуданд

Февраль 9, 2024 10:37

ДУШАНБЕ, 09.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Москва вохӯрии вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров бо раисони кумитаҳои (комиссияҳои) парламентҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.

Дар мулоқот аз ҷониби Тоҷикистон раиси кумитаи Маҷлиси миллӣ  оид  ба ҳамоҳангсозии  фаъолияти Маҷлиси  миллӣ бо Маҷлиси  намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори  омма  ва  робитаҳои байнипарламентӣ Фарҳод Раҳимӣ ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод иштирок намуданд.

Иштирокчиёни мулоқот натиҷаҳои асосии ҳамкории бисёрҷонибаро дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ  муҳокима намуда, вазифаҳои асосии таҳкими минбаъдаи ҳамкории байнипарлумонӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷиро дар доираи Созмон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон бо ин вобаста ба масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор доир шуд.

Дар мулоқот инчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия иштирок намуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия

Февраль 9, 2024 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна