«ШАҲРИ МАН – ХОНАИ МАН». Дар Душанбе беш аз 800 арчаи ҳамешасабз ва дарахти сояафкан шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 16.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 феврал кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои ноҳиявии он бо ҷалби аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва кумитаю ташкилоти ибтидоии ҳизбии пойтахт дар шаҳраки 23-и ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур ва кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Сино беш аз 800 бех ниҳоли ҳамешасабз шинониданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар ин маърака роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар ин ноҳияҳо, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар раванди ниҳолшинонӣ ба интихоби навъҳои арча ва дарахтон бо назардошти хусусияти зебоибахшӣ ба шаҳраку маҳаллаҳо ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ таваҷҷуҳи асосӣ дода шуд, зеро риояи ин қоидаҳо асоси нашъунамои хуби минбаъдаи арчаҳои ҳамешасабз мебошад.


Шинонидан, нигоҳубин ва парвариши арчаҳои ҳамешасабз ва дарахтони ороишиву сояафкан анъана ва суннати неки ниёгонамон буда, кори савоб ва амали барои муҳити атроф судбор маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, дар шароити тағйирёбии иқлим барои нигоҳ доштани мувозинати табиат шинонидани арчаҳо кори муҳим арзёбӣ мешавад», — иброз доштанд масъулин.
Ёдовар мешавем, ки ташаббусҳои тозагиву хуррамгардонӣ ва ниҳолшинонӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳо оид ба густариши корҳои ободонӣ, тозагиву озодагӣ, ниҳолшинониву сабзкорӣ ва нигоҳдории майдончаҳои варзишии шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 17 январи соли 2024 тасдиқ гардид, амалӣ мешаванд ва дар доираи ҳашари умумишаҳрии ҳизбиён таҳти шиори «Шаҳри ман – хонаи ман» то таҷлили 30-солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идома меёбанд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе








ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд






