Шумораи ҳалокшудагони заминларзаҳо дар Ҷопон ба 238 нафар расид

Февраль 1, 2024 13:53

ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳалокшудагон бар асари якчанд заминларзаи шадиде, ки дар Ҷопон рух доданд, ба 238 нафар расид. Дар ин хусус мақомоти префектураи Исикава хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Қаблан дар бораи 232 ҳалокшуда иттилоъ расида буд.

Аз 1 январ дар Ҷопон беш аз 1,2 ҳазор заминларза рух додааст. Дар натиҷаи ба амал омадани ҳодисаи табиӣ шумораи зарардидагон аз 1,1 ҳазор нафар зиёд шуда, тақрибан 38,6 ҳазор хона пурра ё қисман хароб гардидааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 1, 2024 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш