СИПОС БА МУҲОФИЗОНИ ВАТАН. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ барномаи фарҳангӣ доир шуд

Февраль 21, 2024 16:31

ДУШАНБЕ, 21.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки афсарону сарбозони Горди миллӣ, ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва кормандони донишкада ҳамоиши  фарҳангӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада.

Дар ҳамоиш ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ буда, баъд аз якуним соли ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ,  яъне 18 декабри соли 1992 таъсис дода шуд. 23 феврали соли 1993 аввалин расми гузашти низомии афсарону сарбозони содиқи Ватан доир гардид.

Ҳоло бо гузашти беш аз 30 сол аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, ки яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб меравад, иқтидори мудофиавии мамлакати мо аз сифр то ба ҳолати имрӯзӣ расид. Воқеияти ҳол ва амри собит ин аст, ки ҳарчанд Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияташро аз сифр оғоз намуд, дар заминаи сиёсати дурбинона ва ғамхории доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи тавоно табдил шуда, қудрати комили мудофиавӣ ба даст овард.

Ҳукумати мамлакат бо назардошти вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарнок, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии Артиши миллӣ, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардонидани шароити моддӣ — техникӣ ва боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Маҳз натиҷаи ҳамин ғамхориҳои рӯзафзун аст, ки имрӯз Артиши миллии мо ба неруи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтааст.

Таъкид шуд, ки бо назардошти он ки сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва тақвияти ҳисси миллии сарбозони оянда яке аз вазифаҳои муҳимтарини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олии касбӣ ва аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад ҳамаҷониба омӯхтани таърихи халқи тоҷик, ифтихор аз он ва гузаштагони шарафмандамон- қаҳрамонони миллии халқамон ва дигар фарзандони сарсупурдаи миллат бисёр муҳим мебошад.

«Воқеият ва вазъи ҷаҳони муосир ҳар яки мо — устодону донишҷӯёнро водор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатиро аз даст надиҳем», -изҳор дошт ректори донишкада.

 АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

Февраль 21, 2024 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд