СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Душанбе 71 коргоҳу корхонаи саноатӣ сохта мешавад

Февраль 16, 2024 16:40

ДУШАНБЕ, 16.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Баҳри амалисозии ҳадафҳои миллӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат ва Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 дар шаҳри Душанбе  сохтмони 71 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси беш аз 5 ҳазор ҷойи нави кор пешбинӣ гардидааст, ки аз ин шумора ба ҳолати 1 декабри соли 2023  42 корхона бо таъсиси беш аз 3,8 ҳазор ҷойи нави кор ба истифода дода шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки соли 2023 дар шаҳри Душанбе 181 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ бо таъсиси 7447 ҷойи нави кор ба фаъолият оғоз намуд.

«Аз ҷумла, бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ якчанд корхонаҳо, марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли қолинҳои Душанбе, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти нассоҷии «Арвис», қаннодии «Амирӣ», равғанбарории «Файзу Баракат», таҷҳизоти барқии «Имод», маҳсулоти макаронии «Лазоли» ва маҳсулоти сохтмонии «Сементи Тоҷик» бо таъсиси 4585 ҷойи нави кор ба истифода дода шуданд», — афзуд муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе.

Гуфта шуд, ки соли 2023 аз ҷониби 751 корхонаи саноатӣ, новобаста аз шакли моликият ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Душанбе ба 4,2 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 729 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 121 фоизро ташкил медиҳад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 16, 2024 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд