Соли гузашта дар ноҳияи Ашт зиёда аз 255 километр роҳро таъмир намуданд

Февраль 6, 2024 19:00

СУҒД, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва дастгирии соҳибкорону сокинони ноҳия роҳи мошингарди «Ашт — Хуҷанд» то гардиши шаҳри Гулистон дар масофаи 98 километр ба маблағи 2 миллиону 72 ҳазор сомонӣ бо асфалти гарм таъмири ҷорӣ шуд. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода  зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон маълумот дод.  

Раиси ноҳия бо изҳори қаноатмандӣ аз иҷрои ҳамаи нишондиҳандаҳои нақшавии рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия иброз дошт, ки давоми соли 2023 дар ноҳия 255,5 километр роҳ аз таъмири хушсифат бароварда шуд, дар масофаи 32 километр таъмири асосӣ, дар 181 километр таъмири ҷорӣ ва дар 42,5 километр роҳ шағалпӯш гардид.

Тазаккур дода шуд, ки барои иҷрои корҳо зиёда аз 12 миллиону 340 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла беш аз 360 ҳазор сомонӣ аз буҷети Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 ҳазор сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ ва аз ҳисоби соҳибкорону аҳолӣ зиёда аз 11 миллиону 950 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардидааст.

Саъдулло МАҲКАМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт

Февраль 6, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд