ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 феврал, панҷшанбе, 32-юмин рӯзи соли 2024 аст

Февраль 1, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 1993 дар  шаҳри Душанбе Намояндагии аввали Созмони Милали Муттаҳид — Дафтари нозирони СММ дар Тоҷикистон (ДНСММТ) кушода шуд.

***

1 феврали соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаҳои қаблӣ ба шиносномаи биометрӣ иваз  шуданд.

***

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг баррасӣ шуд.

***

Соли 2011 сокинони водии Зарафшон аввалин маротиба аз Хати интиқоли барқи «Шимол — Рӯдакӣ» қувваи барқи дохилӣ дастрас гардид.

***

1 феврали соли 2011 маросими баимзорасии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи таъсис ва тарзи фаъолияти маркази фарҳангӣ-иттилоотӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе масъалаи сохтани неругоҳҳои хурди барқи обӣ ва имконияти таъсис додани корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Олмон оид ба истеҳсоли батареяҳои офтобӣ баррасӣ шуд.

1 ФЕВРАЛ:

 Дар ИМА – Рӯзи миллии озодӣ.

***

Дар Алҷазоир – Рӯзи тахлия  (аз ҷойҳои хавфнок муваққатан ба ҷойҳои осуда кӯчонидани аҳолӣ ва молу анҷом).

***

Дар Малайзия – Рӯзи ҳудуди федералӣ.

Февраль 1, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд