ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 феврал, шанбе, 41-умин рӯзи соли 2024 аст
10 феврали соли 2009 дар Белгия Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи иқтисодии Белгия — Люксембург оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба имзо расид.
***
10 феврали соли 2010 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд» таъсис дода шуд.
***
10 феврали соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази миллии тестӣ аз тобеияти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бароварда шуда, ба Муассисаи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Америка ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
***
Соли 2018 ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид.
***
10 феврали соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ду бинои истиқоматии 9-ошёнаро бо ҷойгиршавии маркази савдо ва тарабхона ба истифода дода, ба 150 ятими кулл туҳфа ва ба шаш оилаи эҳтиёҷманд калиди хонаҳои истиқоматиро дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд.
***
10 феврали соли 2023 нахустин Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мавзуи «Таҳкими ҳамкории ҳамаҷонибаи стратегии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва нақши парлумонҳо дар ин раванд» дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, ки дар кори он Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иштирок ва суханронӣ намуд.
10 ФЕВРАЛ:
Дар Русия – Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Зоҳир Дӯстматов — 1914 — коргардони театр, ҳунарпешаи театру синамои Тоҷикистон. Барҷастатарин комёбии эҷодиаш симои Қорӣ Ишкамба аз филми бадеии «Марги судхӯр» мебошад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






