ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, чоршанбе, 45-умин рӯзи соли 2024 аст

Февраль 14, 2024 08:00

14 феврали соли 2012 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои генералии иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

*** 

14 феврали соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо фаъолияти Корхонаи муштараки «AKIA AVESTO» шинос шуданд.

***

Соли 2018 гӯштингири тоҷик, чемпиони ҷаҳон дар соли 2017 Беҳрӯз Хоҷазода дар раддабандии самбочиёни ҷаҳон мақоми дуюмро касб намуд.

***

14 феврали соли 2019  дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаҳои Гурӯҳи махсуси корӣ ва Кумитаи кормандони аршади давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) таҳти раисии ҷониби Тоҷикистон ба кор оғоз намуд.

*** 

14 феврали соли 2020 дар Душанбе корҳои омодагӣ ҷиҳати таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2020 оғоз гардиданд.

***

 14 феврали соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон муҳтарам Франк-Валтер Штайнмайер ба муносибати муҷаддадан интихоб гардиданаш ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

***

14 феврали соли 2023 дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кафедраи ҳарбӣ таъсис дода шуд.

14 ФЕВРАЛ:

Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб.

***

Рӯзи паҳн намудани иттилоот дар бораи бемории модарзодии дил.

Февраль 14, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш