ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, сешанбе, 51-умин рӯзи соли 2024 аст

Февраль 20, 2024 08:00

20 феврали соли 2012 дар Лондон ҷамъомади ҷамъияти Британия ва Тоҷикистон баргузор гардид.

***

20 феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе маҷмуи васеи масоили вобаста ба ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардид.

***

20 феврали соли 2014 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Николай Бордюжа масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ва мавзуъҳои минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

***

Соли 2015 дар шаҳри  Душанбе намоиши молҳои Ҳиндустон доир гардид.

***

20 феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба алоқаи байнифарҳангии Тоҷикистон ва Русия муҳокима гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Душанбе бизнес-форуми доираи соҳибкорони Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи васеи намояндагони ВАО-и давлатӣ мулоқот намуданд.

***

20 феврали соли 2020 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» Пиетро Салини мулоқот намуд.

 ***

20 феврали соли 2023 Кумитаи меъморӣ ва сохтмон барои санҷиши мустаҳкамии биноҳо ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар гурӯҳҳои корӣ таъсис дод.

20 ФЕВРАЛ:

Рӯзи байналмилалии адолати иҷтимоӣ.

***

Дар ИМА – Рӯзи Президент.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Абдуҷалил Воситзода -соли  1929— шоири тоҷик. Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон (1976).

Февраль 20, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш