ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 феврал, сешанбе, 37-умин рӯзи соли 2024 аст
6 феврали соли 2008 аввалин шумораи рӯзномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонун ва ҷомеа» нашр гардид.
***
6 феврали соли 2012 дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилотии вилоятҳо ва шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба якбора паст шудани ҳарорати ҳаво барои хонандагони аз синфи 1 то 11 (барои се рӯз) дарсҳо боздошта шуданд.
***
6 феврали соли 2012 дар таваллудхонаи шаҳрии №3 — и шаҳри Душанбе шаҳрванди 8-миллионумини Тоҷикистон ба дунё омад.
***
6 феврали соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия сафар намуданд.
***
6 феврали соли 2014 доир ба мубодилаи санадҳои тасвибии созишномаи байнидавлатӣ дар бораи шароит ва муҳлати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон протокол ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини амният ба имзо расид.
***
Соли 2019 дар Душанбе таҳти унвони «Ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз» ҳамоиши ҷавонону занони ҳунарманд баргузор гардид.
***
6 феврали соли 2020 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нашри китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба тасвиб расид.
***
6 феврали соли 2023 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтарро ба ҳузур пазируфтанд. Дар вохӯрӣ ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
6 ФЕВРАЛ:
Рӯзи байналмилалии пешхизмат (бармен).








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






