Тоҷикистон ҳамкориро бо музофоти федеролии Бранденбурги Олмон фаъол менамояд

Февраль 22, 2024 08:59

ДУШАНБЕ, 22.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов ба музофоти федеролии Бранденбург сафар намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар доираи сафар Сафири Тоҷикистон бо муовини Сарвазир, вазири иҷтимоӣ, тандурустӣ, ҳамгироӣ ва ҳифзи истеъмолкунандагони Бранденбург Урсула Нонненмахер мулоқот намуд.

Ҷонибҳо ҳавасмандиашонро ба фаъолсозӣ ва таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самтҳои мухталиф баён намуданд.

Инчунин Имомуддин Сатторов бо мудири иҷроияи Агентии рушди иқтисоди Бранденбург (WFBB) Себастиан Сауле вохӯрӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сармоягузорӣ, иқтисоду тиҷорат, саноат, манбаъҳои барқароршавандаи неруи барқ ва танзими чорабиниҳои муштарак табодули афкор намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 22, 2024 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид