«Тоҷиксуғурта» ва «Бонки Эсхата» барои пардохти ғайринақдии маблағҳои ҳаққи суғуртавӣ шартномаи ҳамкорӣ бастаанд
ДУШАНБЕ, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» барои ба таври ғайринақдӣ амалӣ намудани пардохти маблағҳои ҳаққи суғуртавии намудҳои ихтиёрӣ бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» барои тавассути замимаи «Эсхата онлайн» ворид намудани маблағи хизматрасониҳо шартномаи ҳамкорӣ ба расмият даровард. Дар ин хусус директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» Шуҳрат Мақсудзода 5 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ин тадбир бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ» андешида шудааст.
Гуфта шуд, ки маблағи ҳаққи суғурта тавассути суратҳисобҳои сохторҳои Вазорати молияи мамлакат дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба суратҳисобҳои корхона ва филиалҳои он ба таври ғайринақдӣ ворид гардида, пардохтҳои суғуртавӣ, маош ва дигар хароҷот тариқӣ ғайринақдӣ амалӣ мегарданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид






