ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Соли гузашта 13644 нафар ба курсҳои кутоҳмуддати касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шуданд

Февраль 16, 2024 10:33

ДУШАНБЕ, 16.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар Тоҷикистон 8041 нафар ҳунарманд фаъолият кардааст, ки ин нисбат ба соли 2022 — 1814 нафар, яъне 29, 1% зиёд мебошад. Онҳо аз рӯйи 12 соҳа ва 167 касбу ҳунар маҳсулот истеҳсол намудаанд. Аз шумораи умумии ҳунармандон 3216 нафари онҳо ба косибӣ (истеҳсоли дастии хонагӣ) машғул ҳастанд. Дар ин хусус дар нишасти матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Дар нишаст гуфта шуд, ки вазорат ҷиҳати рушди ҳунарҳои миллию муосир, эҳёи онҳо, инчунин ба ин васила ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ дар соли 2023 тадбирҳои муассир андешида, дар ин давра дар 45 Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосири назди муассисаҳои таълимии тобеи вазорат дар маҷмуъ, 13644 нафар аз рӯйи 48 касбу ихтисос ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Шумораи ҳунармандону косибон дар миқёси шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо чунин аст: дар ВМКБ 556 нафар, вилояти Хатлон 3330 нафар, вилояти Суғд 2647 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1393 нафар ва шаҳри Душанбе 115 нафар.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар шумораи зиёди ҳунармандон ба вилоятҳои Хатлон (41,4 фоиз) ва Суғд (32,9 фоиз) рост меоянд.

Ҳаҷми истеҳсоли маснуоти саноатии ҳунармандон дар соли 2022 ба ҳисоби миёна 65,4 млн сомонӣ ва дар соли 2023 79,6 млн. сомониро ташкил дод. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ ҳунармандӣ рушд ёфта, ҳунармандон бештар ба истеҳсоли маснуоте, ки аз гузаштагонашон ба мерос мондааст, аҳамият медиҳанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 16, 2024 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд