«Vast Resources PLC» дар оянда корхонаи «Апрелевка» -и Суғдро бо иқтидори пурра ба кор меандозад
ДУШАНБЕ, 29.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ҳамкории мутақобила дар самти истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ дар мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва директори иҷроияи корхонаи «Vast Resources PLC» Ричард Эндрю Прили мавриди баррасӣ қарор гирифт.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки зимни муаррифии имконоти вилоят Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки дар вилояти Суғд барои рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёт тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Гуфта шуд, ки корхонаи «Vast Resources PLC» асосан дар самти истихроҷ ва коркарди маъдан фаъолияти босамар дошта, дар аксар давлатҳои хориҷӣ намояндагӣ дорад.
Ричард Эндрю Прили ҳавасмандиашро барои густариши ҳамкорӣ, алалхусус дар корхонаи «Апрелевка» баён дошт. Таъкид гардид, ки дар доираи ин ҳамкорӣ ояндаи наздик бо иқтидори пурра ба кор андохтани корхонаи «Апрелевка» ба нақша гирифта шудааст.
Корхонаи «Апрелевка» яке аз корхонаҳои бузурги вилояти Суғд буда, соли 1995 дар заминаи кони маъдани истихроҷи тиллои Қайроққум таъсис дода шудааст. Ширкат бо анҷом додани корҳои иктишофӣ ва воридсозии технологияи муосир имкон дорад иқтидори истеҳсолии корхонаро ду — се баробар боло бардорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






