«ВАТАНПАРВАР». Дар Файзобод даври сеюми озмуни минтақавӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 20.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии наврасону ҷавонон, тарғибу ташвиқи дӯстиву рафоқат байни онҳо ва дар доираи ҷашни 31-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод даври минтақавии Озмуни ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раиси ноҳияи Файзобод хабар медиҳад.
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 даври сеюми минтақавии мусобиқаи ҳарбӣ–варзишии «Ватанпарвар» байни хонандагони ҷамоатҳои шаҳраки «30-солагии Истиқлол», деҳоти Чашмасор ва Қалъаи Дашт доир гардид. Дар он хонандагони 13 муассиса аз ҷамоатҳо иштирок намуда, 3 нафар ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифт.
Муассисаҳое, ки дар ин мусобиқа фаъолона иштирок намуданд, бо Сипосномаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия қадрдонӣ шуданд.
Бояд гуфт, ки даври ноҳиявӣ имрӯз, 20 феврал бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия баргузор мегардад. Мақсад аз баргузории чунин мусобиқаҳо — баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҷалби бештари ҷавонон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
АКС: Маркази матбуоти Раиси ноҳияи Файзобод








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






