«ВАТАНПАРВАР». Дар Хатлон озмуни ҳарбӣ-ватандӯстӣ ҷамъбаст гардид

Февраль 22, 2024 13:41

ДУШАНБЕ, 22.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 31-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хатлон  даври вилоятии озмуни  ҳарбӣ — ватандӯстии «Ватанпарвар» ҷамъбаст  гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, ки яке аз ҳадафҳои асосии озмуни  ҳарбӣ — ватандӯстии «Ватанпарвар» мусоидат ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии насли наврас ва омода намудани ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ мебошад.

Дар маросими ҷамъбасти даври вилоятии озмуни  ҳарбӣ — ватандӯстии «Ватанпарвар» роҳбарияти вилояти Хатлон ва намояндагони дигар сохторҳои марбута, инчунин хонандагон аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар иштирок намуданд.

Дар ҷамъбасти даври вилоятии озмуни  ҳарбӣ-ватандӯстии «Ватанпарвар дастаҳои ғолиб муайян ва бо Ифтихорнома ва мукофот қадрдонӣ шуданд.

 АКС: Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Февраль 22, 2024 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ АМНТАРИНИ ДУНЁ. Дар шохиси ҷаҳонии «Қонун ва тартибот»-и «Gallup» Тоҷикистон мақоми якумро касб намуд
Дар Хатлон оид ба пешгирии муноқишаҳои оилавӣ ва ҷиноятҳои ахлоқӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ тақвият медиҳанд
БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ. Рақамикунонӣ ва муҷаҳҳазгардонии кормандон бо бодикамераҳо ба нақша гирифта шудааст
Дар Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилӣ кормандони ояндаи милитсияи тоҷик таҳсил мекунанд
Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд