Вазири адлияи Тоҷикистон ва Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид густариши ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд

Февраль 28, 2024 10:06

ДУШАНБЕ, 28.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Зимни вохӯрии Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, директори бюрои минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хонум Ивана Живкович масъалаи густариши ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати адлияи Тоҷикистон.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои намояндагии он дар Тоҷикистон, алалхусус Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон, Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон муҳокима шуданд.

Ҳамзамон дар бораи амалишавии лоиҳаҳои муштараки «Ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ» маълумот дода шуда, татбиқи иқдоми минбаъдаи муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 28, 2024 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд