1 МАРТ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ. Тоҷикистон соли 2016 узви Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ гардид

Март 1, 2024 09:39

ДУШАНБЕ, 01.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 март Рӯзи байналмилалии мудофиаи гражданӣ эълон гардидааст. Таърихи пайдоиши ин рӯз ба соли 1990 рост омада, он бо ташаббуси якчанд  давлати аъзои Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ қабул шудааст.

Таърихи Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ  

Соли 1931 бо ташаббуси генерали хадамоти тиббии фаронсавӣ Жорж Сен-Пол ва якчанд давлатҳо дар Париж Ассотсиатсияи «минтақаҳои Женева» таъсис дода шуд, то дар тамоми кишварҳо бо роҳи дуҷониба ва бисёрҷониба минтақаҳои амниятии маҳаллӣ таъсис дода шаванд.

Баъдан ин ассотсиатсия ба Ташкилоти байналмилалии мудофиаи гражданӣ табдил ёфта, соли 1966 ҳамчун мақоми ташкилоти байниҳукуматӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолӣ сатҳи байналмилалиро доро гардид. Ҳадафи асосии ташкили «минтақаҳои Женева» аз он иборат буд, ки дар ҳама давлатҳо минтақаҳои ба таври доимӣ бехатар муайян шуда, дар замони осоишта бо созишномаҳои дуҷониба ё бисёрҷониба эътироф шаванд.

Соли 1935 бо ташаббуси Ассотсиатсияи минтақаҳои Женева парламенти Фаронса якдилона қатъномаеро маъқул донист, ки дар он ба Лигаи миллатҳо таклиф пеш оварда шуд, ки дар ҳар мамлакат тибқи созишномаҳои тасдиқнамудаи Лигаи миллатҳо ҷойҳо ва минтақаҳое, ки аз амалиёти ҷанг муҳофизат  мешуданд, бо мақсадҳои харбӣ истифода бурда нашаванд.

Соли 1937 Ассотсиатсия аз Париж ба Женева интиқол дода шуда, ба Ассотсиатсияи байналмилалии ҳифзи шаҳрвандон ва биноҳои таърихӣ дар замони ҷанг табдил ёфт.

Узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмон

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2016 узви Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ мебошад.

Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба соҳаи мудофиаи гражданӣ дар ҷумҳурӣ — Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Кумита дар доираи ваколатҳояш аз 16 феврали соли 2016 бо Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ ҳамкории судмандро идома медиҳад.

Чунончӣ, бо дастгирии ин Созмон дар Маркази миллии омодасозии наҷотдиҳандагони Кумита, воқеъ дар мавзеи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав якчанд иншооти варзишӣ барои омода намудани наҷотдиҳандагони Кумита  ба истифода дода шуданд.

Вобаста ба омодасозии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ бояд гуфт, ки танҳо давоми соли 2023 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 441 машқи мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд. Ба ташкил ва гузаронидани он 62 610 нафар ҳайати роҳбарикунанда, фармондеҳон, сардорон, неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ ва аҳолӣ  ҷалб  шуданд.

Тибқи барномаҳои омӯзишӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ҷумҳурӣ  беш аз 1 миллиону 480 ҳазор нафар ба омӯзиши соҳаи мудофиаи гражданӣ фаро гирифта шудаанд.

Барномаву стратегияҳои миллӣ- баҳри ҳифзи аҳолӣ

Бояд гуфт, ки  ташкили мудофиаи гражданӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат, қисми таркибии сохтмони мудофиавӣ ва таъмини бехатарии мамлакат ба шумор меравад.

Зимнан, дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаҳои мухталиф барномаҳои зиёди давлатӣ қабул шуда, амалӣ гардиданд. Аз ҷумла «Стратегияи миллӣ ба паст намудани хавфи ҷойдошта ва пешгирии хатари нави офатҳои табиӣ бар асоси таҳкими иқтидори миллӣ оид ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ» равона гардидааст.

Амалишавии марҳилаи якуми Стратегия солҳои 2019-2022, марҳилаи дуюм солҳои 2023-2026 ва марҳилаи  сеюм солҳои 2027-2030 –ро дар бар мегирад. Беҳтарсозии фаҳмиши хавфи офатҳои табиӣ, такмил додани заминаи ташкилию ҳуқуқии низоми идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, сармоягузорӣ дар тадбирҳо оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ бо мақсади таҳкими иқтидори муқовимат бо онҳо ва баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба офатҳои табиӣ баҳри таъмини эътинои муассир ва дар амал ҷорӣ намудани «беҳтар аз пештар иҷро кардани кор» дар фаъолият оид ба барқарорсозӣ, таҷдид ва навсозӣ аз ҷумлаи афзалияти ин Стратегия мебошанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мақомоте аст, ки вазифааш аз бартараф сохтани ин ё он ҳодисаи табиӣ ва дар маҷмуъ мудофиаи шаҳрвандон иборат аст. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 365 рӯз дар як сол ва 24 соат дар як шабонарӯз дар ин самт фаъолият дорад.

Беҳтар намудани фаъолияти Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дошта, тасдиқ ва амалигардии барномаву стратегияи гуфташуда далели ин гуфтаҳо мебошад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 1, 2024 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Камол Насрулло: «Имрӯз миллати тоҷик бо эътиқоду эътимоди нав рӯ ба «Шоҳнома» овардааст»
РИСОЛАТИ ТАЪРИХИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Андешаҳо ба ифтихори 30-солагии таъсиси ҳизб
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ифодагари ғамхории Пешвои миллат нисбат ба мардуми Тоҷикистон аст
ШУМОРАИ ХОҶАГИҲОИ ТУХМИПАРВАРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БА 128 АДАД РАСИД. Аммо норасоии тухмии зироати кишоварзӣ то ба ҳол боқӣ аст
«СИФАТИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ». Доир ба беҳтар намудани кумаки статсионарӣ ба модарон, навзодон ва кӯдакон машғулият доир гардид
Давоми шабонарӯзи охир бар асари бориши шадид дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сел ба амал омад
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Вазири корҳои дохилӣ бо ҷавонони фаъол вохӯрӣ намуд
Рушди дипломатияи варзишӣ ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон аст
18 МАЙ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Онҳо ба мардум фароғати фарҳангӣ бахшида, бо таърих ва фарҳанги қадимӣ шинос менамоянд
Директори Хазинаи байналмилалии асъор бо занони пешсафи тоҷик мулоқот намуд
ОСОРХОНА — ОИНАИ ТАЪРИХИ ХАЛҚ. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо
МОҲВОРАИ ҶАВОНОН. Дар шаҳри Бохтар Фестивали бозиҳои миллӣ баргузор гардид