35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Роштқалъа мактаб, боғи фарҳангию фароғатӣ ва кӯдакистон сохта мешаванд

Март 4, 2024 10:31

ДУШАНБЕ, 04.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар ноҳияи Роштқалъа бо фаъолияти корхонаи дӯзандагии «Гулдаста» шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Ин корхона соли 2018 барои 100 дӯзанда ба истифода дода шудааст. Зимни шиносоӣ ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини корхона барои бо иқтидори пурра ба кор андохтани он, таъмини муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва тандурустии ноҳия бо либоси мактабӣ ва тиббӣ, инчунин ҷалби занони хонанишин ба кор дастурҳои мушаххас дода шуд.

Раиси вилоят ҳамзамон бо якчанд иншооте, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд, аз ҷумла Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24 барои 640 хонанда, мавзеъҳои бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ ва кӯдакистон барои 200 кӯдак шинос гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Март 4, 2024 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд