Ҳайати Шурои директорони Бонки ҷаҳонӣ бо Маркази саломатии деҳоти Дубедаи ноҳияи Файзобод шинос шуд

Март 9, 2024 15:32

ДУШАНБЕ, 09.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Шурои директорони Бонки ҷаҳонӣ бо Маркази саломатии деҳоти Дубедаи ноҳияи Файзобод, ки дар доираи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.

Меҳмононро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода,  муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ғафур Муҳсинзода, иҷрокунандаи  Раиси ноҳияи Файзобод Мансур Каримзода ҳамроҳӣ намуданд.

Дар доираи татбиқи Лоиҳаи  «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори кумаки аввалини тиббию санитарӣ дар ноҳияи Файзобод ду маркази саломатии деҳот- «Дубеда» ва «Орифон» сохта, ба истифода дода шуд ва ҳарду муассиса бо таҷҳизот ва мебели тиббӣ пурра таҷҳиз гардид.

Татбиқи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар ноҳияи Файзобод дар доираи маблағгузории иловагии якум соли 2016 оғоз ёфта, ба баланд бардоштани сифат ва дастрасии хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии ҷумҳурӣ равона шудааст.

Яке аз қисматҳои асосии лоиҳа вориднамоии механизми маблағгузории муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият буда, пардохтҳои ҳавасмандкуниро   барои муассисаҳои тиббии таҷрибавӣ пешбинӣ менамояд.

Ҳамчунин дар ин рӯз меҳмонон бо Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии солимии кӯдакон» низ шинос шуданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 9, 2024 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид