«ANTALYA GRAND SLAM-2024». Варзишгари Тоҷикистон Эмомалӣ Нуралӣ медали нуқра ба даст овард

Март 29, 2024 20:41

ДУШАНБЕ, 29.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо Эмомалӣ Нуралӣ дар мусобиқаи Antalya Grand Slam-2024, ки аз 29 то 31 март дар шаҳри Анталияи  Туркия идома меёбад, медали нуқра ба даст овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар финал Эмомалӣ Нуралӣ аз ҷудочии ҷопонӣ Хифуми Абэ мағлуб шуд.

Барои баромадан ба финал Эмомалӣ Нуралӣ бар Элиос Мантси аз Италия, Ҳаким Агамаммедов аз Туркманистон, Кубаничбек Айбек уулу аз Қирғизистон ва Муҳаммад Демирел аз Туркия пирӯз шуд.

Ҳамзамон Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг медали биринҷӣ ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи аввали мусобиқа барои Насиба Карликова (-52кг), Аҳлия Муъминова (-52кг), Меҳрзод Суфиев (-60кг) ва Ҳақдод Гулов (-60) бе натиҷа анҷом ёфт.

АКС аз бойгонӣ

Март 29, 2024 20:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд