Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд

Март 27, 2024 16:10

ДУШАНБЕ, 27.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич мулоқоти  Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо кишоварзон баргузор гардид, ки зимни он барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ тавсияҳо дода шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазири кишоварзӣ баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноку оқилонаи замину об, баланд бардоштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза ба бозорҳои байналмилалӣ изҳори андеша намуд.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ барои таъмини кишоварзон бо тухмии зироат, нуриҳои минералӣ ва техникаҳои кишоварзӣ дар доираи лоиҳаҳо баҳри рушди минбаъда сухан гуфта шуд.

Ҳамзамон ба кишоварзон барои парвариши картошка ва тухмиҳои  хушсифат тавсияҳо ва маслиҳатҳои  судманд дода шуданд.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 27, 2024 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид