Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ ду бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд

Март 23, 2024 18:10

РӮДАКӢ, 23.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ сокинони деҳаҳои Балхии Ҷамоати деҳоти Султонобод ва деҳаи Ҳасанободи Ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби бунгоҳҳои тиббии замонавӣ гардиданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Бунгоҳҳои тиббии деҳаҳои Балхии Ҷамоати деҳоти Султонобод ва деҳаи Ҳасанободи Ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд ёфта, бо шароити мусоиди хизматрасонии тиббӣ таъмин гардидаанд.

Бунгоҳи тиббии деҳаи Балхии Ҷамоати деҳоти Султонобод дорои 6 ҳуҷра буда, барои 700 хоҷагӣ ва дар умум ба зиёда аз 3000 аҳолии маҳал хизмати тиббӣ мерасонад. Бунгоҳи тиббии деҳаи Ҳасанободи Ҷамоати деҳоти Зайнабобод бошад аз 5 ҳуҷраи корӣ иборат буда, ба сокинони 500 хоҷагӣ хизмати тиббӣ мерасонад.

Ҳамчунин ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки меҳмонон дар деҳаи Мавҷи Ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода ба корҳои сохтмонии бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83 оғози расмӣ бахшида шуд. Бинои мазкур аз 2 ошёна ва 12 синфхона иборат буда, дар муддати муайяншуда бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ сохта мешавад ва бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мегардад.

Айни замон дар муассисаи таълимӣ 549 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Дар мавриди ба истифода додани бинои иловагии муассиса мушкилоти ҷойи нишаст дар ин деҳа бартараф мегардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Март 23, 2024 18:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз
Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
Маркази байналмилалии Наврӯз — рамзи эҳё ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
НАВРӮЗ — ВАСИЛАИ МУАССИРИ МУКОЛАМАИ ТАМАДДУНҲО. Таҳти ин унвон конфронси илмию амалӣ доир шуд