Бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионӣ шаҳодатномаҳои дараҷа ва унвонҳои илмӣ тақдим шуданд

Март 26, 2024 10:26

ДУШАНБЕ, 26.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ибтикори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзгороне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят ба корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва илмиву таҳқиқотӣ машғул гардида, рисолаҳои номзадиву докториашонро ҳимоя намудаанд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои дараҷа ва унвони илмиашон тақдим гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Дар маросими тақдими шаҳодатномаҳо муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи роҳбарияти ин ниҳоди давлатӣ иштирокчиёнро ба ифтихори ҷашни Наврӯз табрик намуда, иброз дошт, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва заҳматҳои Асосгузори   сулҳу   ваҳдати   миллӣ –   Пешвои   миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи шинохти суннату оинҳои Наврӯз эҳё гардида, ҷашни бузурги миллиамонро ҷаҳониён  пазируфтанд, ки  он эътирофи ҷаҳонии дастовардҳои миллати соҳибтаъриху соҳибтамаддуни тоҷик мебошад. Маҳз олимону донишмандони тоҷик буданд, ки бо анҷом додани корҳои илмиву таҳқиқотии астрономӣ ба ҷашни Наврӯз асос гузоштанд. Роҳбарияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдими шаҳодатномаҳои унвонҳои илмиро ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ нишонаи эҳтирому арҷгузорӣ ба омӯзгорон-равшангарони зиндагии пурсаодат ва расидан ба қадри хизмату заҳмати олимону муҳаққиқон  маънидод намуд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят шаҳодатномаҳои дараҷа ва унвонҳои илмӣ тақдим гардиданд.

АКС: Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Март 26, 2024 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
«НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО». Дар шаҳри Бӯстон тантанаҳои ҷашни Наврӯз доир шуданд
Сокинони шаҳру деҳоти Исфара Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳū истиқбол намуданд
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар ноҳияи Кӯшониён бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд