Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар ноҳияи Кӯшониён бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд

Март 24, 2026 15:45

ДУШАНБЕ, 24.03.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ноҳияи Кӯшониён Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён хабар доданд.

Меҳмонон аз намоиши дастовардҳои ҷамоати шаҳраку деҳот, дастурхони идонаи ҳафтсину ҳафтшин, намоиши таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, бозиҳои наврӯзӣ ва дастовардҳои варзишгарон ва роҳпаймоии наврӯзӣ шинос шуданд.

Иброз гардид, ки имрӯз мардуми шарафманди ноҳия бо ҳисси меҳру муҳаббат ва эҳтиром ба фарҳангу сунатҳои ниёгон оинҳои наврӯзиро пос дошта, ин ҷашни аҷдодиро бо шаҳомату нишоту сурур таҷлил менамоянд.

Гуфта шуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, озодии ватани маҳбубамон ва бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз эҳё шуда, барои рушди минъбадаи русуми он заминаи мусоид муҳайё гаштааст. Зинда кардани тамаддуни аҷдодиамон ва ба ин васила бори дигар ба тамоми олам муаррифӣ намудани арзишҳои миллии мо ва ҳифзи ин арзишҳо кору пайкори доимии фарзанди барӯманди халқи тоҷик Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидааст, ки ҳар яки мо бояд бечуну чаро ба қадру манзалати он бирасем. Байналмилалӣ гардидани Наврӯз худ гувоҳи он аст, ки аҷдодони мо чигуна фарҳанги бою пурғановат доштанд ва онро кишварҳои зиёд пазироӣ намуда, бо шакли қадимааш қабул намуда ҷашн мегиранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

Март 24, 2026 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд