БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР. 200 нафар занони фаъоли ноҳияи Восеъ қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 07.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 6 март дар Қасри фарҳанги ноҳияи Восеъ бахшида ба Рӯзи Модар барномаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он занону модарони фаъоли ноҳия ва ҷавондухтарон иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода нақши Зан-Модарро дар баробари тарбия намудани фарзандон дар рушду нумуъ ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангу тандурустӣ хуб арзёбӣ намуда, ба занони фаъоли ноҳия ва дар шахси онҳо ба тамоми модарони тоҷик саломатӣ, умри бардавом ва хушиҳои зиндагиро таманно намуд.
Дар идомаи ҳамоиш 200 нафар занону модарони фаъоли ноҳия бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд. Инчунин ба 5 модаре, ки синнашон аз 100 боло мебошад, туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ супорида шуданд.
Дар анҷоми ҳамоиши идона баҳри болидаруҳии занону модарон аз тарафи бахши фарҳанги ноҳияи Восеъ барномаи консертӣ пешкаш гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»











КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид






