Бахшида ба Рӯзи Модар ба як зумра занони собиқадори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи идона тақдим гардид

Март 7, 2024 15:04

ДУШАНБЕ, 07.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Модар ба як зумра занони собиқадори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, аз ҷумла Адолат Раҳмонова, Руқия Қурбонова, Сабоҳат Раҳимзода, Латофат Насриддинова, Мунаввара Додхоева, Мунира Иноятова, Тоҷиниссо Носирова, Латофат Шарипова, Ҳусноро Мирзоева ва Вера Наимова аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи идона ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ супорида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар маросими супоридани туҳфаи идона муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулизор Расулӣ ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иштирок намуданд.

Зимни суҳбат аз дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои наҷиби занону модарон ёдовар шуда, баҳри хизмати софдилонаву садоқатмандона ба занони баруманд ва собиқадори меҳнат изҳори сипос карда шуд.

Инчунин бахшида ба Рӯзи Модар дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳамоиши идона доир гардид. Зимни он таъкид шуд, ки бузургдошти Рӯзи Модар, ки 15 сол муқаддам бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида буд, ба кулли модарону занон ва духтарони иззатманди тоҷик илҳоми тоза бахшида, далели сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи занону модарони тоҷик мебошад.


Дар ҳамоиш ходимони давлатӣ, иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматҳои нотакрори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ба даст овардани сулҳу истиқлоли комил, ваҳдату ягонагӣ ва эътибору эҳтиром гузоштан ба қадру манзалати занону духтарон ибрози андеша намуданд.

Зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» собиқадори меҳнат Адолат Раҳмонова иброз дошт, ки имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон бахше нест, ки дар он занон-модарон фаъолият надошта бошанд.

«Ҳоло, хушбахтона, занону модарони мо дар қатори мардон дар тамоми соҳаҳо пурсамар фаъолият доранд ва боварӣ дорем, ки минбаъд низ бо дарки баланди масъулият дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа фаъолона иштирок намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо азму иродаи қавӣ ва камоли кордонию ҳисси масъулият дар пешрафту ободии Тоҷикистон саҳм гузоранд»,-иброз дошт ӯ.

Собиқадори Меҳнат Руқия Қурбонова иброз дошт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастгирии давлатии занон ва ташаббусҳои созандаи онҳо диққати махсус равона гардида, пайваста кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки ин неруи созанда ва қишри фаъоли ҷомеа ба рушди устувори мамлакат равона шавад.

«Ин аст, ки сол то сол мақому мартабаи занону модарон дар ҷомеа баланд гардида, дар сохторҳои гуногуни мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сафи занони далеру шуҷоъ афзоиш ёфта, ҷиҳати таъмини волоияти қонун ва ҳифзи суботу оромии мамлакат фаъолият менамоянд», — изҳор дошт Руқия Қурбонова.

Ҳамзамон занони собиқадор аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо туҳфаи идона қадрдонӣ шуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 7, 2024 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ ва оғози фасли зимистон аст
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои олии Ҷумҳурии Маҷористон оғоз намуд
«МегаФон Тоҷикистон». Пешсафони дигаргуниҳо
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангал дар Тоҷикистон 102 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: Русия ва Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонӣ тақвият мебахшанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар кӯчаҳои Хуҷанд барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад