Бо хатмкунандагони мактабҳои миёнаи шаҳри Хуҷанд вохӯрии судманд доир шуд

Март 2, 2024 15:52

ДУШАНБЕ, 02.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд вохӯрии роҳбарони муассисаҳои олии касбии вилояти Суғд бо хатмкунандагони мактабҳои миёнаи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд.

Ҳадафи мулоқот муаррифии имконоти таҳсил дар донишгоҳҳои олии вилоят гуфта шуд.

Таъкид гардид, ки давоми 32 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо шарофати заҳмати софдилонаи халқамон ҷумҳурӣ дар роҳи таъмин намудани амну осоиштагӣ, рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаву дастовардҳои назаррас ноил гардид. Воқеан ҳам озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бояд бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талошамонро равона созем ва ин неъмати бузурги миллатро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Гуфта шуд, ки ҷиҳати ташаккули андешаи миллии наврасону ҷавонон ва омода намудани онҳо дар самти муқовимат ба тазодҳои ҷомеаи муосир ҳоло дар назди сохтору мақомоти давлатӣ, падару модарон ва аҳли ҷомеа корҳои зиёде қарор доранд. Барои дастгирӣ намудан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ хидоят намудани ҷавононе, ки ба чунин мушкилот гирифтор шудаанд, зарур аст мақомоти дахлдор ва пеш аз ҳама, омӯзгорон, падару модарон ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, густариши донишу ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон, дарку омӯзиши арзишҳои миллӣ, парвариши эҳсоси худшиносии милливу ифтихори ватандорӣ ва таҳаммулгароиву инсондӯстии онҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд. Ин масъалаи асосии замони муосир мебошад.

Дар қисмати дуюми мулоқот хонандагон доир ба ихтисосҳои донишгоҳу донишкадаҳо, маблағи таҳсил ва имтиёзҳо саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Март 2, 2024 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид