Дар «Амонатбонк» Наврӯзро бо баргузории ҳамоиши идона таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 29.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо баргузории ҳамоиши идона таҷлил намуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода кормандони «Амонатбонк»-ро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, доир ба аҳамият ва ҷойгоҳи ҷашни куҳани таърихӣ сухан гуфт. Гуфта шуд, ки Наврӯз таърихи беш аз шашҳазорсола дошта, он бо фаъолияти созандаи мардум, эҳсоси хештаншиносию ватандорӣ ва ҳаёти маданию фарҳангии миллати тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад.
Дар ҳамоиши идона донишмандон доир ба суннатҳои Наврӯз ва мақоми байналмилалӣ гирифтани он ибрози назар намуданд. Таъкид шуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 ҷашни Наврӯз аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарии фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардида, 19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумии СММ қатънома қабул намуд, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт, яъне Наврӯз расман ҷашни ҷаҳонӣ шуд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»










Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






