Дар Бағдод ҳамкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид

Март 5, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 05.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бағдод мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ироқ Зубайдулло Зубайдзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Ироқ Муҳаммад Шиёъ ас-Судонӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкории Тоҷикистон ва Ироқро дар бахшҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин ҷонибҳо перомуни авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон табодули афкор намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот даъватнома ба унвони Сарвазири Ҷумҳурии Ироқ ҷиҳати иштирок дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман супорида шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 5, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд