Дар Берлин ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд

Март 19, 2024 18:05

ДУШАНБЕ, 19.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Берлин намояндагиҳои дипломатии давлатҳои ҳавзаи Наврӯз дар ҳамкории муштарак бо Иттиҳодияи дӯстони Осорхонаи этнологӣ ва ташкилоти Ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар маҳфили наврӯзӣ нафарони расмии давлати иқомат, намояндагони корпуси дипломатӣ, шаҳрвандони давлатҳои ҳавзаи Наврӯз ҳузур доштанд.

Дар таҷлили ҷашни бузурги аҷдодӣ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ғурфаи миллиро иборат аз маводи таҷассумгари фарҳангу таърих ва нигораҳои миллӣ ташкил намуд, ки он дар маркази таваҷҷуҳи меҳмонони сершумор қарор гирифт.

 

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 19, 2024 18:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид